Матто боби 13

Ҳафт масал дар бораи Малакути Осмон. Коранда.

  1. Ва ҳамон рӯз Исо аз хона берун омада, дар канори баҳр нишаст.
  2. Ва мардуми бисёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ба тавре ки Ӯ ба қаиқ даромада, нишаст, ва тамоми мардум дар канори баҳр меистоданд.
  3. Ва бо масалҳо чизҳои бисёрро ба онҳо омӯхта, гуфт: «Инак, корандае барои пошидани тухм берун рафт;
  4. Ва чун тухм мепошид, қадре дар канори роҳ афтод, ва паррандагон омада, онро, хӯрданд;
  5. Қадре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро ки хок умқ надошт;
  6. Чун офтоб барома пажмурда шуд ва азбаски реша надошт, хушк шуд;
  7. Қадре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд;
  8. Қадре дар хоки нағз афтод ва бор овард:баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ.
  9. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
  10. Ва шогирдонаш омада, ба Ӯ гуфтанд: «Чаро ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯӣ?»
  11. Дар ҷавобашон гуфт: «Чунки ба шумо донистани асрори Малакути Осмон ато шудааст, лекин ба онҳо ато нашудааст;
  12. Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзун шавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад;
  13. Аз он сабаб ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯям, ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, ва гӯш медиҳанд вале намешунаванд, ва намефаҳманд;
  14. Ва дар ҳаққи онҳо нубуввати Ишаъё ба амал меояд, ки гуфтааст: «Бо гӯшҳои худ хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид; бо чашмҳои худ нигоҳ хоҳед кард, вале нахоҳед дид;
  15. Зеро ки дили ин мардум сангин ва гӯшҳошон вазнин шудааст, ва чашмони худро бастаанд, мабодо бубинанд ва бо гӯшҳо бишнаванд ва бо дилҳо бифаҳманд ва руҷӯъ кунанд, ва Ман онҳоро шифо диҳам».
  16. Лекин хушо чашмони шумо, ки мебинанд, ва гӯшҳои шумо, ки мешунаванд;
  17. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям, басе пайғамбарон ва одилон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, бишнаванд ва нашуниданд.
  18. Пас шумо маънои масали корандаро бишнавед:
  19. Ҳар кӣ сухани Малакутро бишнавад, ва нафаҳмад, иблис назди вай омада, он чиро, ки дар дили вай кошта шудааст, мерабояд: ин ҳамон аст, ки дар роҳ кошта шудааст.
  20. Ва кошташуда дар санглох он кас аст, ки суханро мешунавад ва дарҳол бо шодӣ қабул мекунад;
  21. Лекин дар худ реша надорад ва ноустувор аст, ва чун аз боиси сухан азияте ё таъқиботе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтад.
  22. Ва кошташуда дар миёни хорҳо он кас аст, ки суханро мешунавад, лекин андешаҳои дунёӣ ва ҳирси сарват суханро пахш мекунад, ва он бесамар мегардад.
  23. Ва кошташуда дар хоки нағз он кас аст, ки суханро мешунавад ва мефаҳмад ва бор ҳам меоварад: баъзе сад баробаар, баъзе шаст ва баъзе сӣ».

Сирри дуюм: мастак дар миёни гандум.

  1. Ва масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Малакути Осмон монанди касест, ки дар киштзори худ тухми некӯ коштааст;
  2. Лекин вақте ки мардум дар хоб буданд, душмани вай омада, дар миёни гандум мастак пошид ва рафт;
  3. Чун киштзор сабзид, ва самараш ба назар намоён шуд, мастак ҳам пайдо шуд.
  4. Ғуломони соҳиби киштзор омада, гуфтанд: «Эй хоҷа! Оё дар киштзори худ тухми некӯ накоштаӣ? Пас мастак аз куҷо пайдо шуд?»
  5. Вай ба онҳо гуфт: «Ин кори душман аст». Ғуломон ба вай гуфтанд: «Оё мехоҳӣ биравем ва онро чида гирем?»
  6. Вай гуфт: «Не, мабодо дар вақти чида гирифтани мастак гандумро ҳам аз реша биканед;
  7. Бигзоред, ки то вақти дарав ҳар ду ҳам нумӯ кунад; ва дар мавсими дарав ба даравгарон хоҳам гуфт: аввал мастакро чида гиреду барои сӯзондан банд-банд кунед; лекин гандумро дар анбори ман захира кунед.»

Сирри сеюм: донаи хардал.

  1. Масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Малакути Осмон мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар киштзори худ коштааст,
  2. Ва гарчанде ки хурдтарини тухмҳост, чун нумӯ кунад, аз ҳамаи наботот бузургтар мешавад ва дарахт мегардад, ба тавре ки мурғони ҳаво омада, дар шохаҳояш ошёна месозанд».

Сирри чорум: хамиртуруш.

  1. Ва масали дигаре ба онҳо гуфт: «Малакути Осмон монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то ки тамоми хамир расид».
  2. Ҳамаи инҳоро Исо ба мардум бо масалҳо баён мекард, ва бе масал ба онҳо сухан намегуфт,
  3. То ба амал ояд сухане ки бо забони пайғамбар гуфта шудааст: «Даҳони Худро ба масалҳо мекушоям; чизҳоеро, ки аз офариниши олам пинҳон мондааст, баён менамоям».

Маънидоди сирри дуюм.

  1. Он гоҳ Исо мадумро ҷавоб дода, ба хона даромад. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Масали мастаки киштзорро ба мо бифаҳмон».
  2. Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Корандаи тухми некӯ Писари Одам аст;
  3. Киштзор ин ҷаҳон аст; ва тухми некӯ писарони Малакут ҳастанд, ва мастакҳо писарони иблис мебошанд;
  4. Ва душмане ки онҳоро кошт, иблис аст; мавсими дарав анҷоми олам аст, ва даравгарҳо фариштагонанд.
  5. Пас, чӣ тавре ки мастакҳоро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, анҷоми олам низ ҳамон тавр хоҳад шуд:
  6. Писари Одам фариштагони Худро хоҳад фиристод, ва онҳо аз Малакути Ӯ ҳамаи васвасакорон ва бадкоронро ҷамъ хоҳанд кард,
  7. Ва онҳоро ба кӯраи оташ хоҳанд андохт; дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд.
  8. Он гоҳ одилон дар Малакути Падари худ чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!

Сирри панҷум: ганҷи ниҳонӣ.

  1. Боз Малакути Осмон монанди ганҷест, ки дар киштзор ниҳон бошад, ва онро касе ёфта, пинҳон карда, ва аз шодии он рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва он киштзорро харид.

Сирри шашум: марворид.

  1. Боз Малакути Осмон монанди тоҷирест, ки марворидҳои хуб меҷуст,
  2. Ва чун як марбориди гаронбаҳо ёфт, рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва онро харид.

Сирри ҳафтум: тӯр.

  1. Боз Малакути Осмон монанди тӯрест, ки ба баҳр андохта шуд, ва ҳар навъ моҳӣ ба он даромад,
  2. Ва чун пур шуд, онро ба соҳил кашиданд ва нишаста, хубҳоро дар зарфҳо ҷамъ карданд, лекин бадҳоро дур андохтанд.
  3. Дар анҷоми олам ҳамин тавр хоҳад шуд: фариштагон берун омада, бадкоронро аз миёни одилон ҷудо мекунанд,
  4. Ва онҳоро ба кӯраи оташ меандозанд: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд.
  5. Исо ба онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инро фаҳмидед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Оре, Худовандо!»
  6. Ба онҳо гуфт: «Бинобар ин ҳар китобдоне ки дар Малакути Осмон таълим ёфтааст, монанди соҳиби хонаест, ки аз ганҷи худ чизҳои нав ва кӯҳна берун меоварад».

Исо ба Носира бармегардад ва Ӯро боз мункир мешаванд.

  1. Вақте ки Исо ин масалҳоро ба охир расонд, аз он ҷо равона шуд,
  2. Ва ба зодгоҳи Худ омада, онҳоро дар куништҳошон таълим дод, ба тавре ки онҳо дар ҳайрат монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ чунин ҳикмат ва мӯъҷизот?
  3. Оё Ӯ писари наҷҷор нест? Оё номи модараш Марям нест, ва бародаронаш Яъқуб, Йӯсе, Шимъӯн ва Яҳудо?
  4. Ва ҳамаи хоҳаронаш дар байни мо намебошанд? Пас, аз куҷост дар Ӯ ҳамаи ин чизҳо?
  5. Ва дар ҳаққи Ӯ дар васваса меафтоданд. Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр набошад, ҷуз дар зодгоҳи худ ва дар хонаи худ».
  6. Ва дар он ҷо ба сабаби беимонии онҳо мӯъҷизаи бисёр нишон надод.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s