Матто боби 12

Исо ва қоидаҳои яҳудиён дар бораи рӯзи шанбе.

  1. Дар он вақт Исо рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт; ва шогирдонаш гурусна монда, ба чида ва хӯрдани хӯшаҳо сар карданд.
  2. Фарисиён инро дида, ба Ӯ гуфтанд: «Инак, шогирдони Ту коре мекунанд, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест».
  3. Ба онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд?
  4. Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он ба вай ва ҳамроҳонаш раво набуд, балки фақат ба коҳинон раво буд?
  5. Ё дар Таврот нахондаед, ки коҳинон дар рӯзҳои шанбе дар маъбад оини шанберо риоя намекунанд ва бо вуҷуди он бегуноҳанд?
  6. Лекин ба шумо мегӯям, ки дар ин ҷо Шахсе ҳаст, ки аз маъбад бузургтар аст;
  7. Ва агар медонистед, ки «марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ» чӣ маъно дорад, бегуноҳонро маззамат намекардед;
  8. Зеро ки Писари Одам хоҷаи рӯзи шанбе низ мебошад».

Шифо ёфтани одами дастхушк дар рӯзи шанбе.

  1. Ва аз он ҷо рафта, ба куништи онҳо даромад.
  2. Ва инак, дар онҷо одаме буд, ки дасти хушкшудае дошт. Аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан ҷоиз аст?» Қасдашон ин буд, ки Ӯро айбдор кунанд.
  3. Ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки як гӯсфанд дошта бошад, ва он дар рӯзи шанбе ба мағоке афтаду онро гирифта набарорад?
  4. Пас чӣ қадар аз гӯсфанд одам азизтар аст! Бинобар ин дар рӯзҳои шанбе некӣ кардан ҷоиз аст».
  5. Он гоҳ ба он одам гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай дароз кард; ва мисли дасти дигараш сиҳат шуд.
  6. Фарисиён берун рафта, дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд.

Исои бандаи Худо дар хомӯшӣ амал мекунад.

  1. Лекин Исо онро дарёфта, аз он ҷо дур шуд. Ва мардуми бисёре аз пайи Ӯ равона шуданд, ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо бахшид,
  2. Ва ба онҳо фармоиш дод, ки овозаи Ӯро паҳн накунанд,
  3. То ба амал ояд сухане ки бо забони Ишаъёи пайғамбар гуфта шудааст:
  4. «Инак Бандаи Ман, ки Ӯро баргузидаам, ва Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст; Рӯҳи Худро бар Ӯ хоҳам ниҳод, то ки довариро ба халқҳо эълон кунад;
  5. Ситеза ва фиғоне нахоҳад кард, ва касе дар кӯчаҳо овози Ӯро нахоҳад шунид;
  6. Найи хамидаро нахоҳад шикаст ва фатилаи нимсӯхтаро хомӯш нахоҳад кард, то даме ки довариро ба ғалаба оварда расонад;
  7. Ва халқҳо ба номи Ӯ умед хоҳанд баст».

Шифо ёфтани девона. Куфри фарисиён.

  1. Он гоҳ девонаеро назди Ӯ оварданд, ки кӯр ва гунг буд; Ӯ вайро шифо бахшид, ба тавре ки он кӯр ва гунг гӯё ва бино шуд.
  2. Ва тамоми мардум дар ҳайрат афтода, гуфтанд: «Оё ин Шахс Писари Довуд нест?»
  3. Лекин фарисиён инро шунида, гуфтанд: «Ӯ девҳоро фақат ба воситаи Баал-Забул, калони девҳо, берун мекунад».
  4. Аммо Исо фикру хаёли онҳоро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар салтанете ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад; ва ҳар шаҳр ё хонае ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, устувор истода наметавонад.
  5. Ва агар шайтон шайтонро берун кунад, вай бар зидди худ аз ҳам ҷудо шуда бошад: пас салтанати вай чӣ гуна устувор истода метавонад?
  6. Ва агар Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо хоҳанд шуд.
  7. Лекин агар Ман девҳоро ба воситаи бо Рӯҳи Худо берун мекарда, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст.
  8. Ё касе чӣ гуна ба хонаи шахси зӯроваре даромада, чизҳои вайро ғорат карда метавонад, бе он ки аввал он зӯроварро бибандад, ва пас аз он хонаи вайро ғорат кунад?
  9. Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, вай пароканда мекунад.

Гуноҳе ки омурзида намешавад: ба шайтон нисбат додани корҳои Рӯҳулқудс.

  1. Аз ин сабаб ба шумо мегӯям: ҳар навъ гуноҳ ва куфр ба одамизод омурзида мешавад; лекин куфр бар зидди Рӯҳ ба одамизод омурзида нахоҳад шуд.
  2. Ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, ба вай омурзида мешавад; лекин ҳар кӣ бар зидди Рӯҳулқудс сухане гӯяд, ба вай омурзида нахоҳад шуд, на дар ин олам, ва на дар олами оянда.

Ҷавобгарӣ барои сухан.

  1. Ё дарахтро нек гардонед ва меваашро нек; ё дарахтро бад гардонед ва меваашро бад; зеро ки дарахт аз мевааш шинохта мешавад.
  2. Эй афъизадагон! Шумо чӣ тавр суханони нек гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед? Зеро ки забон аз пурагии дил сухан мегӯяд.
  3. Шахси нек аз ганҷинаи нек чизи нек берун меоварад; ва шахси бад аз ганҷинаи бад чизи бад берун меоварад.
  4. Лекин ба шумо мегӯям, ки мардум барои ҳар сухани ботиле ки мегӯяд, дар рӯзи доварӣ ҷавоб хоҳад дод:
  5. Зеро ки аз суханони худ сафед хоҳӣ шуд ва аз суханони худ маҳкум хоҳӣ шуд.

Исо ба муқобили фарисиёне ки мӯъҷизот металабанд.

  1. Он гоҳ баъзе аз китобдонон ва фарисиён ба ҷавоб гуфтанд: «Эй Устод! Мехоҳем аломате аз Ту бубинем».
  2. Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Насли шарир ва зинокор аломате металабанд: ва ба вай, ҷуз аломати Юнуси пайғамбар, аломате дода нахоҳад шуд.
  3. Зеро, чунон ки Юнус се шабинарӯз дар шиками моҳӣ буд, Писари Одам низ се шабонарӯз дар оғӯши замин хоҳад буд.
  4. Мардуми Нинве дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳанд кард, зеро ки онҳо бо мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Юнус бузургтар аст.
  5. Маликаи Ҷануби дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Сулаймон бузургтар аст.

Баргаштани Рӯҳи палид.

  1. Вақте ки рӯҳи палид аз одам берун меояд, дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва намеёбад;
  2. Он гоҳ мегӯяд: «Ба хонаи худ, ки аз он берун омадаам, бармегардам». Ва гашта омада онро холӣ, ҷорӯбзада ва ороста меёбад;
  3. Пас аз он рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва дохил шуда, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад. Ҳоли ин насли шарир низ ҳамин тавр хоҳад шуд».

Хешовандони ҳақиқии Исо.

  1. Ҳанӯз Ӯ бо мардум сухан мегуфт, ки модар ва бародаронаш омада, дар берун истоданд ва мехостанд бо Ӯ гуфтугӯ кунанд.
  2. Ва шахсе ба Ӯ гуфт: «Инак, модарат ва бародаронат дар берун истодаанд ва мехоҳанд бо Ту гуфтугӯ кунанд».
  3. Лекин Ӯ дар ҷавоби он шахс гуфт: «Кист модари Ман, ва бародарони Ман?»
  4. Ва бо дасти Худ шогирдони Худро нишондода, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман;
  5. Зеро, ҳар кӣ хости Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s