Саволи Таъмиддиҳанда ва ҷавоби Исо. Шаҳодати Исо дар бораи Таъмиддиҳанда.
- Чун Исо насиҳатгӯиро ба дувоздаҳ шогирди Худ ба анҷом расонд, аз он ҷо равона шуд, то ки дар шаҳрҳои онҳо таълим диҳад ва мавъиза кунад.
- Вақте ки Яҳё дар зиндон корҳои Масеҳро шунид, ду нафар аз шогидони худ фиристод,
- То ки ба Ӯ бигӯянд: «Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?»
- Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Биравед ва он чи шунидаед ва дидаед, ба Яҳё бигӯед:
- Кӯрҳо мебинанд ва шалҳо роҳ мараванд, махавиён пок мешаванд ва карҳо мешунаванд, мурдагон эҳё мешаванд, ва ба мискинон башорат дода мешавад;
- Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтад».
- Ва ҳагоме ки онҳо рафтанд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани найе ки аз бод меларзад?
- Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Онҳое ки сару либоси нарм дар бар доранд, дар қасрҳои подшоҳонанд.
- Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як пайғамбар? Оре, ба шумо мегӯям ки вай аз пайғамбар ҳам бузургтар аст.
- Зеро вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: «Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад».
- Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд ёфтаанд, бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда барнахост; лекин он ки дар Малакути Осмон хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст.
- Ва аз айёми Яҳёи Таъмиддиҳанда то алҳол Малакути Осмон бо зӯрӣ ба даст оварда мешавад, ва зӯроварон онро мерабоянд;
- Зеро ки тамоми пайғамбарон ва Таврот то вақти зуҳури Яҳё пешгӯӣ караанд.
- Ва агар қабул кардан хоҳед, вай Илёс аст, ки бояд биёяд.
- Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!
- Лекин ин наслро ба кӣ монанд кунам? Вай ба кӯдаконе монанд аст, ки дар кӯчаҳо нишаста ва ба рафиқони худ муроҷиат карда,
- Мегӯянд: «Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем нагиристед».
- Зеро ки Яҳё омад, намехӯрад ва наменӯшад; мегӯянд: «Дев дорад».
- Писари Одам омад, мехӯрад ва менӯшад; мегӯянд: «Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст». Ва ҳикмат аз тарафи фарзандонаш тасдиқ карда мешавад».
Ба мункирон Исо довариро пешгӯӣ мекунад.
- Он гоҳ Ӯ ба мазаммат кардани шаҳрҳое шурӯъ намуд, ки аксари мӯъҷизоти Ӯ дар он ҷо зоҳир шуда буд, чунки тавба накарда буданд.
- «Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт-Сайдо! Зеро агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд;
- Лекин ба шумо мегӯям: дар рӯзи доварӣ ҳолати Сӯр ва Сидӯн аз шумо сабуктар хоҳад буд.
- Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дӯзах сарнагун хоҳӣ шуд; зеро агар мӯъҷизоте ки дар ту зоҳир шуд, дар Садӯм зоҳир мешуд, вай то имрӯз боқӣ мемонд;
- Лекин ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи доварӣ ҳолати сарзамини Садӯм аз ту сабуктар хоҳад буд».
Ситоиши Падар.
- Дар он вақт Исо суханашро давом дода, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ.
- Оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту чунин буд.
- Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст, ва ҳеҷ кас Писарро, ҷуз Падар, намешиносад; ва ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад.
Даъват кардани заҳматкашон ва гаронборон.
- Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид;
- Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт;
- Зеро юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст».
© IBT 1992