Матто боби 10

Насиҳат додан ва фиристодани дувоздаҳ шогирдон.

  1. Ва дувоздаҳ шогирдашро назди Худ хонда, ба онҳо бар авроҳи палид қудрат дод, то ки онҳоро берун кунанд ва ҳар беморӣ ва бетобиро шифо диҳанд.
  2. Ва номҳои дувоздаҳ ҳавворӣ ин аст: аввал Шимъӯн, ки Петрус номида шуда буд, ва бародараш Андриёс, Яъқуб ибни Забдой ва бародараш Юҳанно,
  3. Филиппус ва Барталмо, Тумо ва Маттои боҷгир, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Лаббой, ки лақабаш Таддо буд,
  4. Шимъӯни Канно ва Яҳудои Исқарют, ки Ӯро таслим кард.
  5. Ин дувоздаҳро Исо фиристод ва ба онҳо ҳукм дода, гуфт: «Ба роҳи ғайрияҳудиён наравед ва ба шаҳри сомариён надароед;
  6. Балки назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил биравед;
  7. Ва чун меравед, мавъиза карда, гӯед, ки Малакути Осмон наздик аст;
  8. Беморонро шифо диҳед, махавиёнро пок кунед, мурдагонро эҳё кунед, девҳоро берун кунед; муфт ёфтаед, муфт диҳед.
  9. Дар камарбанди худ тилло ё нуқра ё мис захира накунед,
  10. Ва барои сафар на тӯрбае дошта бошед, на пероҳан, на чоруқ ва на асо. Зеро ки меҳнаткаш сазовори хӯроки худ мебошад.
  11. Ва дар ҳар шаҳр ё деҳа, ки медароед, суроғ кунед, ки дар он ҷо шахси шоиста кист, ва то вақти баромаданатон дар он ҷо бимонед;
  12. Вақте ки ба хонае медароед, салом бигӯед;
  13. Агар аҳли он хона лоиқ бошанд, саломи шумо бар онҳо қарор мегирад; ва агар лоиқ набошанд, саломатон сӯи шумо бармегардад.
  14. Ва ҳар кӣ шуморо қабул накунад, ва ба сухани шумо гӯш надиҳад, аз он хона ва ё шаҳр берун рафта, ғубори пойҳои худро биафшонед;
  15. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳолати замини Садӯм ва Амӯро дар рӯзи доварӣ аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд».
  16. Инак, Ман шуморо монади гӯсфандон ба миёни гургон мефиристам. Пас, мисли морон зирак ва мисли кабӯтарон содда бошед».
  17. Лекин аз мардум ҳазар кунед:зеро шуморо ба маҳкамаҳо хоҳанд супурд ва дар куништҳои худ шуморо қамчинкорӣ хоҳанд кард,
  18. Ва ба хотири Ман шуморо назди ҳокимон ва подшоҳон хоҳанд бурд, то ки барои онҳо ва халқҳо шаҳодате шавад.
  19. Лекин чун шуморо таслим кунанд, андеша накунед, ки чӣ гуна ва ё чӣ бояд бигӯед; зеро ки дар он соат ба шумо ато хоҳад шуд, ки чӣ бояд гуфт;
  20. Зеро ки гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳи Падари шумост, ки дар шумо гӯянда аст.
  21. Ва бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳад кард; ва фарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳанд расонд;
  22. Ва аз барои номи Ман тамоми мардум аз шумо нафрат хоҳанд кард; лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.
  23. Агар дар шаҳре шуморо таъқиб кунанд, ба дигаре бигрезед. Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки ҳамаи шаҳрҳои Исроилро тай кунед, Писари Одам хоҳад омад.
  24. Шогирд аз муаллими худ ва ғулом аз хоҷаи худ авло нест:
  25. Басанда аст, ки шогирд чун муаллими худ бошад, ва ғулом чун хоҷаи худ бошад. Агар соҳиби хонаро Баал-Забул номида бошанд, аҳли хонаи вайро чӣ қадар зиёдтар хоҳанд номид;
  26. Пас, аз онҳо натарсед: зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардар, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад.
  27. Он чи дар торикӣ ба шумо мегӯям, дар рӯшноӣ бигӯед; ва он чи дар гӯш мешунавед, дар болои бомҳо мавъиза кунед.
  28. Ва аз кушандагони ҷисм, ки ба куштани рӯҳ қодир нестанд, натарсед; балки аз Ӯ ҳаросон бошед, ки қодир аст ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳро дар дӯзах нобуд кунад.
  29. Оё ду гунҷишк ба як фулус фурӯхта намешавад? ва ҳол он ки ягонтои онҳо бе хости Падари шумо ба замин намеафтад;
  30. Лекин ҳамаи мӯйҳои сари шумо низ шумурда шудааст;
  31. Пас, натарсед: шумо аз бисёр гунҷишкон бартарӣ доред.
  32. Пас, ҳар кӣ Маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард;
  33. Лекин, ҳар кӣ Маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам кард.
  34. Гумон накунед, ки омадаам, то осаиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер;
  35. Заро ки омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш ҷудо кунам.
  36. Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд.
  37. Ҳар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё духтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест;
  38. Ва ҳар кӣ салиби худро намебардорад ва Маро пайравӣ намекунад, лоиқи Ман нест.
  39. Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро нигоҳдорӣ хоҳад кард.
  40. Ҳар кӣ шуморо қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул мекунад, Фиристодаи Маро қабул мекунад;
  41. Ҳар кӣ пайғамбарро ба номи пайғамбар қабул кунад, мукофоти пайғамбарро хоҳад ёфт; ва ҳар ки одилро ба номи одил қабул кунад, мукофоти одилро хоҳад ёфт.
  42. Ва ҳар кӣ яке аз хурдонро фақат як пиёла оби сард бинӯшонад, чунки номи шогирд дорад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки мукофоти худро аз даст нахоҳад дод.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s