Матто боби 4

Озмоиши Исо.

  1. Он гоҳ Рӯҳ Исоро ба биёбон бурд, то ки Ӯро иблис биозмояд,
  2. Ва чил шабонарӯз рӯза дошта, ниҳоят гурусна монд.
  3. Ва озмоишкунанда назди Ӯ омада, гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо бигӯй, ки нон шаванд».
  4. Исо дар ҷавоб гуфт: «Навишта шудааст, ки «одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд»».
  5. Пас иблис Ӯро ба шаҳри муқаддас гирифта бурд ва ба кунгураи маъбад гузошт,
  6. Ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо боши, Худро ба зер андоз; зеро ки навишта шудааст: «Ба фариштагони Худ дар бораи Ту амр хоҳад дод, ва Туро дар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои Худро ба санге бизанӣ»».
  7. Исо ба вай гуфт: «Ҳамчун навишта шудааст: «Худованд Худои худро наозмой»».
  8. Боз иблис Ӯро ба кӯҳи бисёр баланде бардошта бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ва ҷалоли онҳоро ба Ӯ нишон дод,
  9. Ва ба Ӯ гӯфт: «Агар рӯй ба замин ниҳода, ба ман саҷда кунӣ, ҳамаи онҳоро ба Ту медиҳам».
  10. Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Аз ман дур шав, эй шайтон; зеро ки навишта шудааст: «Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибоддат намо»».
  11. Пас иблис Ӯро вогузошт, ва инак, фариштагон омада, Ӯро парасторӣ карданд.

Исо ба Кафарнаҳум омада, ба хизматгузории ҷамъиятӣ шурӯ менамояд.

  1. Чун Исо шунид, ки Яҳё дастгир шудааст, ба Ҷалил равона шуд.
  2. Ва Носираро тарк карда, дар Кафарнаҳум ки дар канори баҳр аст, дар ҳудуди Забулун ва Нафтолӣ маскан гирифт,
  3. То ба амал ояд сухане ки бо забони Ишаъёи пайғамбар гуфта шудааст:
  4. «Замини Забулун ва замини Нафтолӣ, дар роҳи канори баҳр, он тарафи Урдун, Ҷалили халқҳо,
  5. Қавме ки дар торики мезистанд, нури азиме диданд, ва бар онҳое ки дар кишвари марг ва сояи он менишастанд, нуре дурахшид».
  6. Аз ҳамон вақт Исо ба мавъиза оғоз намуд ва гуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст».

Ба хизматгузорӣ даъват кардани Петрус ва Андриёс.

  1. Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, ду бародарро: Шимъӯнро, ки Петрус меномиданд, ва бародари ӯ Андриёсро дид, ки дар баҳр тӯр меандохтанд; зеро ки сайёди моҳӣ буданд;
  2. Ва ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам».
  3. Дарҳол онҳон тӯрҳои худро монда, аз пайи Ӯ равона шуданд.

 Даъват кардани Яъқуб ва Юҳанно. Фаъолияти Исо дар тамоми Ҷалил.

  1. Чун аз он ҷо гузашт, ду бародари дигарро, Яъқуб ибни Забдой ва бародри вай Юҳанноро дид, ки дар қаиқ бо падари худ Забдой тӯрҳои худро таъмир мекарданд, ва онҳоро даъват намуд.
  2. Ва онҳо дарҳол қаиқ ва падари худро гузошта аз пайи Ӯ равона шуданд.
  3. Ва Исо дар тамоми Ҷалил мегашт ва дар куништҳои онҳо таълим дода, Инҷили Малакутро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва ҳар дарди мардумро шифо мебахшид.
  4. Ва овозаи Ӯ дар тамоми Сурия паҳн шуд; ва ҳамаи беморонро, ки ба дарду касалиҳои гуногун гирифтор буданд, ҳам девонагон, ҳам масрӯон ва ҳам мафлуҷонро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ онҳоро шифо мебахшид.
  5. Ва мардуми бисёре аз Ҷалил, Декаполис, Уршалим, Яҳудо ва он тарафи Урдун аз пайи Ӯ равона буданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s