Матто боби 3

Хизматгузории Яҳёи Таъмиддиҳанда; шаҳодати ӯ дар бораи Исо.

  1. Дар он айём Яҳёи Таъмиддиҳанда зоҳир шуда, дар биёбони Яҳудо маъвиза мекард,
  2. Ва мегуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малукути Осмон наздик аст».
  3. Зеро ӯ ҳамон аст, ки Ишаъёи пайғамбар аз ӯ хабар дода, гуфтааст: «Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи Ӯро рост кунед».
  4. Ва ин Яҳё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт; ва хӯроки ӯ аз малах ва асали ёбоӣ буд.
  5. Он вақт аҳли Уршалим ва тамоми Яҳудо ва музофоти Урдун назди ӯ берун меомаданд,
  6. Ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рӯди Урдун таъмид меёфтанд.
  7. Чун бисёре аз фарисиён ва саддуқиёнро дид, ки назди ӯ барои таъмид меоянд, ба онҳо гуфт: «Эй афъизадагон! Кӣ, ба шумо талқин кард, ки аз ғазаби оянда бигрезед?
  8. Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад,
  9. Ва дар дили худ нагӯед, ки «падари мо Иброҳим аст»; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад;
  10. Ва алҳол теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва дар оташ андохта хоҳад шуд;
  11. Ман шуморо бо об барои тавба таъмид медиҳам, лекин Он ки пас аз ман меояд, аз ман тавонотар аст; ман сазовори он нестам ки пояфзоли Ӯро бардорам; Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид хоҳад дод;
  12. Ӯ ғалбери Худро дар даст дорад, ва Ӯ хирмангоҳи Худро тоза карда, гандуми Худро дар анбор гирд хоҳад овард, лекин коҳро дар оташи хомӯшнашаванда хоҳад сӯзонд».

Таъмиди Исо.

  1. Он гоҳ Исо аз Ҷалил ба Урдун назди Яҳё омад, то ки аз вай таъмид ёбад.
  2. Лекин Яҳё Ӯро боздошта, гуфт: «Маро лозим аст, ки аз Ту таъмид ёбам, ва Ту назди ман меоӣ?»
  3. Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Алҳол бигзор; зеро ки моро лозим аст ҳар навъ адолатро ин тавр ба ҷо оварем». Пас Яҳё Ӯро вогузошт.
  4. Ва Исо таъмид ёфта, дарҳол аз об баромад, ва инак, осмон ба рӯи Ӯ кушода шуд, ва Рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре нозил шуда, бар Ӯ қарор мегирад.
  5. Ва инак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман дар Ӯст».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s